СОЛИ ТАҲСИЛ ОҒОЗ ЁФТ
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Раиси комиссияи қабули Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, мудири кафедраи журналистикаи донишгоҳ Нуралӣ Солеҳов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки имсол ба курсҳои аввали донишгоҳ 640 нафар донишҷӯ қабул карда шуд. Қабл аз оғози давраи имтиҳонсупорӣ ба ҳамаи факултаҳои донишгоҳ 1560 нафар ҳуҷҷат супорид. Аз ҷумлаи дохишудагон 260 нафар дар асоси қарордод қабул карда, 380 нафари дигар ба шӯъбаҳои буҷетӣ дохил шуданд. Теъдоди хоҳишмандон ба факултаҳои иқтисодӣ, шӯъбаҳои муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ ва журналистика нисбатан зиёд буд. Умуман имсол ба ҳар як ҷой то 3 нафар ариза дод. Ба қавли Н.Солеҳов, аз байни довталабон донишҷӯёни арзанда ба донишгоҳ қабул гардиданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






