СУЛТОН САФАРОВ ВАФОТ КАРД
Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, нависандаи маъруф ва драмнависи машҳур Султон Сафаров дар сини 73 — солагӣ баъди бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт. Вай соли 1935 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, баъди хатми Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Шепкини шаҳри Маскав аввал дар вазифаҳои ҳунарпешаи театри ҷавонон ва Театри академии драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва баъд дар вазифаҳои корманди калони Раёсати санъати Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон сармуҳаррири Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии ҷумҳурӣ, муҳаррири калони Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. С.Сафаров баъди хатми таҳсил дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар вазифаҳои сардори Раёсати санъати Вазорати маданияти Тоҷикистон, мудири сектори шӯъбаи фарҳанги Кумитаи Марказии ҳизби коммунист директори киностудияи «Тоҷикфилм», муовини раиси Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода, муовини аввали вазири фарҳанги ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. С.Сафаров аз солҳои донишҷӯӣ ба навиштани асарҳои драммавӣ шурӯъ намудааст. Бисёр намоишномаҳои ӯ солҳои гуногун дар саҳнаи театрҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он намоиш дода шудаанд. Асарҳои саҳнавии драмнавис «Субҳи Хуҷанд», «Қарзи виҷдон», «Қассос», «Абадзинда» , «Муҳаббат ва адолат», «Гирдоб», «Уқоб» , «Алафҳои бегона» ва ғайра дар мавзӯъҳои гуногун таълиф шудаанд. Асарҳои илмии «Проблемаҳои таъсири мутақобилаи фарҳангҳои миллӣ», «Конфликт ва характер» ва ғайра ба қалами С. Сафаров тааллуқ доранд. С.Сафаров Арбоби ҳунар, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, барои хизматҳои арзандааш дар пешрафту такомули адабиёт бо медалҳо ва ифтихорномаҳои Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Марҳум пагоҳ ба хок супурда мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






