ТАҶЛИЛИ ҶАШНҲО ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
ТАҶЛИЛИ ҶАШНҲОИ 17-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶТ ВА 1150 – СОЛАГИИ УСТОД РӮДАКӢ ДАР СУҒД Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 9 то 11 сентябр ҷиҳати иштирок дар идомаи тантанаҳои идонаи 17-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1150 – солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ дар вилояти Суғд қарор дошт. Сарвари давлат пеш аз ҳама дар маркази вилоят, дар маҳаллаи соҳили дарёи Сир парда аз рӯи муҷассамаи султони шоирони Аҷам — Абӯабдулло Рӯдакӣ бардошта, роҷеъ ба мақому мартаба ва шӯҳрати ҷаҳонии ӯ сухан ронд. Ӯ аз ҷумла гуфт: «Таърихи адабиёти тоҷику форс гувоҳ аст, ки аксарияти шоирони баъдӣ кӯшидаанд, то мисраъ, маънӣ ва ё матлаберо аз устод Рӯдакӣ бардошт намоянд ва ё асаре аз тафаккур ва андешаҳои ҳикматофарини устодро дар навиштаҳои худ ҷой диҳанд. Ба таъкиди аксари рӯдакишиносон, қасидаи маъруфи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён»-и устод дар маҳфилҳои суханварон сароида мешуд ва шоирони зиёде дар ҷавоби ин қасидаи ватандӯстона маҳорати хешро санҷидаанд». Маврид ба зикр аст, ки сохтмони ин муҷассама соли 2007 оғоз гардида, арзиши он ба 3,4 миллион сомонӣ баробар аст. Масоҳати умумии майдони атрофи муҷассама 1,31 га буда, баландии он 14,5 метр ва вазнаш 11 тонна мебошад. Таҳкурсии муҷассама аз санги хорои кӯҳи «Мевағyл» буда, барои ин зиёда аз 70 тонна санг сарф шудааст. Дар атрофи муҷассама се ҳавз бунёд гардиа, дар онҳо 36 кӯза ҷойгир карда шудааст. Эмомалӣ Раҳмон баъдан дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 15-солагии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, ҳамзамон ба сохтмони бинои нави Донишгоҳ расман оғоз бахшид. Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат соли 1993 таъсис ёфтааст. Имрӯз донишгоҳ дар 5 бинои таълимй ҷойгир буда, аз рӯи 13 ихтисос мутахассис тайёр мекунад ва дар шӯъбаҳои рӯзонаю ғойибона корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва омӯзишу тадқиқот пеш бурда мешаванд. Дар донишгоҳ 5 факулта, аз ҷумла тиҷорат ва идора, технологияи компютерӣ ва баҳисобгирӣ, ҳуқуқшиносӣ, молия, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ амал макунанд. Дар донишгоҳ 9 озмоишгоҳи таълимии махсусгардонида амал мекунад, ки 6- тои он бо компютер муҷаҳҳаз аст. Китобхонаи донишгоҳ 15 ҳазор ҷилд китоб, 1730 китоби электронӣ, толори васеъ, толори махсуси компютерии бо шабакаи ҷаҳонии интернет ва почтаи электронӣ пайваст дорад. Дар донишгоҳ 5110 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 2806 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 2304 нафар дар шӯъбаи ғoйибона таҳсил мекунад. Имрӯз дар 21 кафедраи донишгоҳ 14 доктори илм ва 56 номзади илм кор мекунанд. Қобили қайд аст, ки ба бунёди бинои чорошёнаи сохтмонаш нотамом, ки Сарвари давлат ба сохтмони он расман ҳусни оғоз бахшид, соли 1968 оғoз гардида буд. Бинои мазкур бо мақсади ташкили корҳои таълиму тарбия дар Техникуми кооперативии шаҳри Хуҷанд бунёд ёфта, бо сабабҳои номаълум соли 1976 идомаи сохтмони бинои мазкур боздошта шуд ва зиёда аз 30 сол аз назарҳо дур монд буд. Масоҳати умумии бинои донишгоҳ 6 гектар мебошад. Бино барои 3 ҳазор ҷои нишасти муҳассилин тармиму таъмир мегардад. Дар бинои мазкур зиёда аз 100 синфхонаи калон, 24 синфхонаи хурд ва як толори маҷлис, ошхона, ду мағоза, толори варзишӣ сохта мешаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба шаҳри Хуҷанд ба маҳалли сохтмони корхонаи ресандагии «Хуҷанд-Нику», ки аз ҷониби ширкати «Хуҷанд-инвест-коттон»-и Тоҷикистон ва ширкати «Нику-Груп»-и Эрон бунёд меёбад, ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмону васлгарии он шинос шуд ва фаъолияти онро расман ҳусни оғоз бахшид. Ин корхона барои коркарди се ҳазор тонна нахи пахта дар як сол пешбинӣ гардида, то 2500 тонна риштаи пахтагӣ истеҳсол xoҳaд кард. Намояндагони ширкати «Нику-Груп» ба Сарвари давлат иброз доштанд, ки афзоиши коркарди нахи пахта ва истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ дар дохили кишвар яке аз масъалаҳои муҳими стратегияи рушди саноати Тоҷикистон эътироф шудааст. Аз ин ҷост, ки барои инкишофи coҳa ҷиҳати ташаккул ва тадриҷан баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва сатҳи техникии истеҳсолот, таъмини истеҳсоли маҳсулоти бозоргир бо истифодаи технологияи пешқадам тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Тибқи маълумоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятии Суғд, дар давоми солҳои оянда 3 корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагӣ дар ҳудуди вилоят, аз ҷумла дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод ва Спитамен ба нақша гирифта шудааст. Зеро, баъд аз муфлис шудани яке аз калонтарин корхонаҳои коркарди пахтаи ҷумҳурӣ — КМ «Кабоол тоҷик текстaйлз» дар ин бахши саноати вилоят вазъият хеле ногувор гардид. Бинобар ин, ба истифода додани корхонаи ресандагии «Хуҷанд-¬Нику» то андозае ба зиёд кардани ҳаҷми коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагӣ дар вилоят мусоидат мекунад. 9 сентябр Сарвари давлат баҳри ба истифода додани коргоҳи нави истеҳсоли оби меваи Ҷамъияти саҳомии «Оби зулол» аз ин корхона ва бо мақсади ошноӣ бо рафти корҳо аз туннели «Шаҳристон» дидан намуд. Ҷамъияти саҳомии «Оби зулол» бо кӯмаки ширкати «Бейбарс» хати нави технологиро барои истеҳсоли оби мева бо маблағи 2 миллону 561 ҳазор доллари ИМА ворид сохт. Иқтидори истеҳсолии хати нави технологӣ дар як сол 36 миллион литр маҳсулоти аълосифат мебошад. Масъулони сохтмони туннели «Шаҳристон» ба Президенти мамлакат ваъда доданд, ки мекӯшанд онро то охири соли 2009 мавриди истифода қарор диҳанд. Дарозии тунел 5242 метр буда, то имрӯз аз самти шимол 462 метр, аз самти ҷануб 1782 метр ва умуман 2244 метр канда шудааст. Субҳи 10 сентябр Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷашни 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ ба шаҳри Панҷакент омад. Сарвари давлат дар ин ҷо пеш аз ҳама мақбараи Одамушшуароро дар деҳаи Панҷрӯд зиёрат карда, дар гирдиҳамоии серодам ба шарафи ҷашни устод Рӯдакӣ ва ифтитоҳи мақбараи ӯ баъди тармиму таҷдиди куллӣ ширкат варзид. Дар ин ҷамъомад намояндагони 22 кишвари олам, аз ҷумла муҳаққиқони осори Рӯдакӣ ва олимону адабиётшиносони маъруф ҳузур доштанд. Мақбараи устод Рӯдакӣ соли 1958 сохта шуда буд. Онро соли 1999 ба муносибати 1100- солагии давлати Сомониён тармим карда буданд. Вале мақбара ба талаботи замон ва анъанаҳои меъмории ниёгони мо мувофиқат намекард. Бинобар ин Ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки оромгоҳи шоир мувофиқи анъанаҳои меъмории асри даҳуми даврони мо ва талаботи давраи истиқлолияту давлатдории тоҷикон аз нав сохта шавад. Дар рӯ ба рӯи мақбара боғи устод Рӯдакӣ бунёд гардидааст, ки дар он нимпайкараи шоир гузошта шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷашн парда аз рӯи он бардошт. Барои бунёди боғи мазкур 160 000 сомонӣ сарф шудааст. Қисмати асосии чорабинии ҷашнӣ бахшида ба 1150-солагии маликушшаро Абӯабдулло Рӯдакӣ шоми 10 сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони дипломатӣ ва созмонҳои байналхалқӣ, инчунин намояндагони 22 кишвари дунё, олимону адибони мамлакат ва сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент ширкат варзиданд. Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомадагонро ба муносибати ҷашни 1150-солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ, ки бо қарори ЮНЕСКО дар саросари олам таҷлил карда мешавад, табрик намуд. Вай зикр кард, ки устод Рӯдакӣ нахустин шоири ҳақиқатан миллии тоҷик буда, бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ ва корбасти калимаву таркибҳои соддаву равони тоҷикӣ шеъри моро ба маснади олӣ бардошт ва кохи пурҷалолу бегазанди назми тоҷику форсро бунёд гузошт. Аз ин рӯ, устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, султони шоирон, қофиласолори шеър, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолиятхоҳӣ, рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Пас аз анҷоми суханронии Сарвари давлат дар бораи ҳаёту эҷодиёти Рӯдакӣ аз овони ҷавонӣ то дами пирии он асари саҳнавӣ ва барномаи калони консертӣ намоиш дода шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми ҷамъомад ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 1150-солагии султони шоирон Абӯабдулло Рӯдакӣ дар зодгоҳаш шаҳри Панҷакент баҳои баланд дода, зикр кард: «Халқи Панҷакенти бостонӣ бори дигар собит намуд, ки ҳақиқатан ворисони аслии одамушшуаро Абӯабдулло Рудакӣ мебошад».