ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АВИАТОРОН

Сентябрь 4, 2008 16:16

Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- 3 сентябр дар ҷумҳурӣ иди касбии авиаторон таҷлил карда шуд. Ба ин муносибат дар корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик эйр» ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Кормандони соҳаро директори генералии корхона Ҳокимшо Тиллоев табрик намуд. Вай зикр кард, ки авиатсия рамзи пешрафти ҳамаҷонибаи илму техника ва тараққиёти иқтисодиёти ҳар гуна давлат ба шумор меравад. Масъулияти ҳалли бисёр масъалаҳои муҳими пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон ба зиммаи кормандони авиатсия гузошта шудааст. Зеро рушди фаъолияти нақлиёти ҳавоӣ масъалаи муҳимтарини сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад, гуфт Ҳ.Тиллоев. Изҳори боварӣ карда шуд, ки соҳаи авиатсияи Тоҷикистон ба туфайли заҳмати фидокоронаи кормандони соҳа боиси ифтихори мардуми мамлакат хоҳад гашт. Сардори раёсати умумии ҳавонавардии мулкии Вазорати нақлиёт ва алоқаи ҷумҳурӣ Неъматулло Соҳибов дар бораи саҳми калони кормандони соҳа дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат сухан ронд. Дар фарҷоми ҷамъомад ба кормандони пешқадам, ветеранҳои ҷанг ва собиқадорони меҳнат тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Сентябрь 4, 2008 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд