ТАБОШАР ОБОД МЕШАВАД
Табошар, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). Дар Табошар Рӯзи таъсиси шаҳр таҷлил карда шуд. Сокинони онро ба ин муносибат на танҳо роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳр, балки меҳмонон аз шаҳри Перн – вакили маҷлиси қонунбарори кишвари Перм, профессор , доктори илмҳои техникӣ Геннадий Кузмитский ва директори генералии Корхонаи ворутсозии Перм ба номи С.Киров Николай Федченко табрик намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия созишномаи байниҳукуматӣ имзо кардааст. Тибқи он дар ҳар ду мамлакат ташкили корхонаҳои муштарак пешбинӣ карда мешаванд. Мо айни ҳол имконияти дар заминаи корхонаи «Заря Востока» ташкил додани корхонаи муштараки «Тобон » — ро баррасӣ менамоем, гуфт вакили маҷлиси қонунбарори кишвари Перм Г.Кузмитский. Табошар яке аз шаҳрҳои навбунёди мамлакат буда, дар заминаи Корхонаи маъдантозакунии фулузоти нодири «Востокредмет» бунёд гардидааст. Солҳои 70-80- уми асри гузашта дар ин ҷо бештар аз 50 ҳазор нафар зиндагӣ мекард. Қисми зиёди сокинони шаҳр дар ҳамин корхона кор мекарданд. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ корхона чанд муддат аз кор монда буд. Ҳоло дар корхона бештар аз 300 нафар кор мекунанд. Дар ин ҷо асосан рӯдаҳои пластики ва резинии об, рангу лок ва ғайра истеҳсол карда мешавад. Н.Федченко зикр намуд, ки дар корхонаи «Заря Востока» 17 сол кор кардааст. Ӯ баъди хатми донишкадаи политехники Перм ба Табошар омада, аз дараҷаи устои қаторӣ то дараҷаи роҳбари истеҳсолот расидааст. Мавсуф зикр намуд, ки аз солҳои зиндагӣ ва фаъолияташ дар Табошар бисёр хотираҳои нек дорад. Мо қарор додаем, ки ба шаҳрамон кӯмак расонем. Чанд сол пеш бо кӯмаку дастгирии мо дар корхона истеҳсоли рангу лок ба роҳ монда шуд. Имрӯз низ мо ба муносибати таҷлили Рӯзи шаҳр ба корхона ду тонна ранг тӯҳфа кардем гуфт директори генералии корхонаи борутсозии Перм Н.Федченко.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






