ТАЙЁРӢ БА ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ОРОИШГАРОН
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- 17 сентябр дар Душанбе ҷашнвораи байналхалқии ҷавонони ороишгар кушода мешавад. Ҳадафи он мусоидат ба идомаи анъанаҳои гуногунрангии фарҳангҳо, ташаккули фарҳанги миллӣ, ғанӣ гардонидани он, мусоидат ба гуфтугӯи фарҳангҳо, иваз кардани таҷриба ва ба майдони ҳунар раҳнамун сохтани санъаткорони ҷавон мебошад. Дар озмун санъаткорони донишҷӯ ва касбӣ иштирок мекунанд. Маҳорати иштрокчиёни озмун дар бахшҳои суратгирӣ, ороиши даромадгоҳи биноҳо, заргарӣ ва моделсозӣ санҷида хоҳад шуд. Донишҷӯён ба озмун аз 3 то 5 асар ва санъаткорони касбӣ аз 8 то 12 асари худро пешниҳод карда метавонанд. Ба ҳайати доварон роҳбари Асотсиатсияи байналхалқии иттифоқи ороишгарон А.Бобикин сарварӣ мекунад. Ҷашнвора бо намоиши консерти калони ҳунарпешагони машҳур анҷом меёбад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






