ТАЙЁРӢ БА ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН

Сентябрь 22, 2008 13:47

Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади омодагӣ ба тирамоҳу зимистони соли 2008 -2009 ва беталаф баровардани чорво аз зимистон дар Вазорати кишоварзӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шуд. Тибқи он Раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорат ва Раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои тайёрии ҳаматарафа ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2008-2009 вазифадор гардиданд, ки барои нигоҳ доштани саршумори чорво ва зиёд кардани насли солими он хоҷагиҳои чорводор бо захираи хӯрока оғилхонаҳои гарм ва доруворӣ то фаро расидани тирамоҳу зимистон таъмин карда шавад. Ҳамчзамон шароити маишии чорводорон низ ба инобат гирифта мешавад. Ин имкон медиҳад, ки барои нигоҳ доштани чорвои ҷамъиятӣ масъулияти бештар гардад ва пеши роҳи талафи чорво гирифта шавад.

Сентябрь 22, 2008 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид