ТАЛАБАГОН МОШИНДУЗДӢ МЕКУНАНД

Сентябрь 17, 2008 14:51

Душанбе, 17 сентября. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Истиқоматкунандаи кӯчаи Лучоби пойтахт Азиз Хушвақтови 26-сола ба шӯъбаи корҳои дохилии якуми ноҳияи Сино ариза дода, шикоят кард, ки 16 майи соли ҷорӣ шаҳрвандон Хуршеди Тиллои 18-сола ва Валиҷон Қурбонови 17-сола истиқоматкунандагони кӯчаи Пахтакор талабагони мактаби миёнаи №50 дар бозори мошин мошини шахсии ӯ «Тайота-Марк 2» (рақами давлатиаш ВТ 3348 РТ 01)-ро дуздида бурданд. Мошиндуздон дар кӯчаи Раҳмон Набиев ба садамаи нақлиёти дучор гардида, мошинро ғайри қобили истифода гардонданд. Дар натиҷа ба соҳиби мошин ба маблағи 6 ҳазору 300 доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонида шуд.

Сентябрь 17, 2008 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад