ТАЛАБИ СОЗМОНИ АМНИЯТУ ҲАМКОРИИ АВРУПО АЗ ТУРКИЯ

Сентябрь 10, 2008 15:51

Брюссел, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Нюсру. ком). – Намояндаи махсуси раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар масъалаи Кӯҳистони Қариябоғ Горан Ленмаркер зимни мулоқоташ бо раиси Маҷлиси миллии Арманистон Тигран Торосян изҳор намуд, ки Туркия бояд мардонавор рафтор карда, таърихи гузаштаи худро пос дошта, ҳодисаи табъизи нажодии арманиҳоро дар соли 1915 эътироф кунад. Тавре ки маълум аст, Туркияи усмонӣ охири асри 19 ва аввали асри 20 арманиҳоро мунтазам таъқиб намуда, ҳадафи талаю тороҷ ва қатли омм қарор додааст. Аз ҷумла, соли 1915 бештар аз 1,5 миллион арманӣ кушта шуда буд. Бояд гуфт, ки бисёр давлатҳои ҷаҳон ҳодисаи табъизи нажодии арманиҳоро эътироф кардаанд. Вале Туркия ин даъворо рад намуда, танқиди мамлакатҳои ғарбро дар ин масъала ба инобат намегирад. Г.Ленмаркер зикр кард, ки Арманистон имконияти таърихӣ дорад, ки ба Туркия кӯмак расонад. Туркия бояд барои қабул ба узвияти Иттиҳоди Аврупо кӯшиш карда, меъёрҳои аз тарафи ҳамагон эътирофгардидаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, демократия ва ғайраро ҳамаҷониба эҳтиром кунад. Илова бар ин Туркия бояд мардонавор рафтор карда, ҳодисаи табъизи нажодии арманиҳоро дар соли 1915 расман эътироф намояд, гуфт Г.Ленмаркер. Вай аҳамияти калони муқаррар намудани муносибатҳои дипломатии Туркия ва Арманистонро таъкид карда, гуфт, ки кушодани сарҳадҳои Туркия бо Арманистон дар ин бобат қадами нахустин гардида метавонад. Г. Ленмаркер ба сиёсати Арманистон дар минтақа баҳои баланд дод. Намояндаи махсуси муншии умумии САҲА президенти Туркия Абдулло Гулро даъват кард, ки ба Арманистон ташриф оварда, ҳамроҳи президенти ин мамлакат Серж Саркисян қувваозмоии интихобии мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳонро тамошо кунад. Бояд гуфт, ки президенти Арманистон президенти Туркияро расман ба тамошои қувваозмоии мазкур даъват кардааст. Президенти Туркия ин даъватро пазируфт. Қайд кардан лозим аст, ки Арманистону Туркия муносибатҳои дипломатӣ надоранд. Муносибатҳои дипломатии онҳо соли 1993 бо ташаббуси Анқара қатъ гардида буд. Туркия барои ба роҳ андохтани муносибатҳои дипломатӣ аз Арманистон талаб дорад, ки аз эътирофи байналхалқии табъизи нажодии арманиҳо дар давраи ҳукмронии Туркияи усмонӣ даст кашида, сарҳадҳои имрӯзаи Туркияро эътироф кунад.

Сентябрь 10, 2008 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид