ТАЪМИНИ НЕРӮИ БАРҚ БОЗ МАҲДУД КАРДА МЕШАВАД

Сентябрь 11, 2008 17:08

Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Вобаста ба паст шудани маҷрои дарёи Вахш дар рӯзи 11 сентябри соли 2008 воридоти об ба обанбор 556 метри кубӣ.сонияро ташкил медиҳад, ки ин ба 75 фоизи ҳисоби миёнаи моҳона баробар мебошад ва сатҳи обанбор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба қадри 8 метр паст аст. Бинобар ин, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 11 сентябри соли ҷорӣ дар сар то сари ҷумҳурӣ интиқоли барқ аз рӯи лимит сурат мегирад. Акнун барои аҳолӣ аз соати 17 -00 то 21-30 ва аз соати 3-30 то 8-00 барқ дода мешавад. Дар соҳаи саноат, барои корхонаҳое, ки қарздор нестанд, дар интиқоли барқ дар доираи маҳдудияти ба минтақаҳо ҷудошуда ҷорӣ карда мешавад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти «Барқ тоҷик» хабар доданд, ки ин тадбир аз рӯи зарурат буда, барои он амалӣ мегардад, ки ҳар сантиметр оби имрӯз сарфашуда дар давраи зимистон душвории мардум ва пешбурди иқтисодиёти моро нисбатан осонтар намояд.

Сентябрь 11, 2008 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид