ТАШКИЛОТЧИГӢ НАМЕРАСАД
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Ҷамъоварии пахта дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба мақсад мувофиқ нест, иброз дошт сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Саидмурод Баҳриддинов ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар як рӯз ҷамъ овардани 475 тонна пахта барои панҷ ноҳияе,ки нақшаи истеҳсоли пахтаашон дар соли ҷорӣ аз 49 ҳазор тонна камтар аст, нобахшиданист. Ҷамъоварии пахта дар як рӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ ба миқдори 45, Ҳисор – 71, Шаҳринав – 90 ва ноҳияи Ваҳдат 91 тоннаро ташкил медиҳад. Ташкили кор дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат чандон хуб нест. Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳар рӯз дар ин ноҳияҳо ба андозаи 0,6 — 1,3 — 1,4 фоиз пахта ғундошта мешавад. Бо фарорасии моҳи октябр рӯзҳо сардтару кӯтоҳтар мешавад, аммо дар саҳро пахтаи зиёд ҳанӯз боқист, ки ҷамъоварии он вазифаи муқаддаси ҳар як шахрванди ин ноҳияҳост.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






