ТЕХНИКАИ АГРАРӢ АЗ ПАРДОХТИ АНДОЗ ОЗОД МЕШАВАД

Сентябрь 12, 2008 16:05

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Пешравӣ ва рушди соҳаи кишоварзиро бе техника тасавур кардан мумкин нест. Дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) то соли 1999 қариб 40 намуди техникаи аграрӣ мавриди истифодабарии кишоварзон қарор дошт. То 1 сентябри соли ҷорӣ бошад ҳамагӣ 23 намуди техника машғули кор аст, ки дар муқоиса нисбат ба солҳои пешин хеле кам аст. Бо ибораи дигар имрӯз талаботи кишоварзони ҷумҳурӣ ҳамагӣ 53,5 фоиз таъмин мегардад. Аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки сармоягузорон ва ширкатҳои хусусӣ бо вуҷуди мушкилиҳо соли гузашта ба мамлакат 238 трактор ва 500 мошинҳои дигари кишоварзӣ ворид намуданд, ки нисбат ба соли 2006-ум 211 адад зиёд мебошад. Инчунин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» таъсис дода шуд ва ҳамасола 8 миллион сомонӣ маблағ ҷудо мегардад, ки бо ин маблағ техникаҳои кишоварзӣ дар асоси шартномаҳои лизингӣ ба хоҷагиҳо дода мешавад. Айни замон корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ бо роҳи имзои шартномаҳои лизингӣ техникаи гуногуни кишоварзиро харидорӣ мекунанд. Тоҷирони дохилию хориҷӣ бо вуҷуди боҷи гарони гумрук ба ҷумҳурӣ техникаҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ ворид мекунанд. Вале, мутаасифона на ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ қудрати харидории техникаи аграриро бо нархи гарон доранд. Бо мақсади ҳавасмандии воридкунандагони техникаи кишоварзӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа, воридсозии техника ва технологияи нав , дар ҷумҳурӣ ба роҳ мондани истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва қисмҳои алоҳида , инчунин бо мақсади беҳтар намудани таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо трактору мошинҳо ва қисмҳои эҳтиёти онҳо, ки дар корхонаҳои ҷумҳурӣ истеҳсол карда мешаванд, бояд ба муддати 5 сол воридоти онҳо аз пардохти андоз ва арзиши иловашуда озод карда шаванд. Аз тарафи Вазорати кишоварзӣ оиди ин масъала лоиҳаи қарор таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Сентябрь 12, 2008 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид