ТОҶИКИСТОН АЗ ҶИҲАТИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТ ҚАФО МЕМОНАД
Душанбе, 3 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Мувофиқи маълумоти Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди ба даст овардани комёбиҳои муайян дар баъзе соҳаҳои иқтисодиёт дар нимаи аввали соли равон аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти саноат дар байни ҷумҳуриҳои дигари ИДМ яке аз ҷойҳои охиринро ишғол менамояд. Истеҳсоли маҳсулоти саноат дар Тоҷикистон дар ин давра ҳамагӣ 3,3 фоизро ташкил дод, ки дар қаламрави ИДМ натиҷаи пасттарин мебошад. Дар нимаи аввали соли равон дар мамлакат ба маблағи 4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ҳаҷми он ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3 фоиз зиёд аст. Дар ин давра саҳми хизматрасонӣ нисбат ба саҳми истеҳсоли мол 7,1 фоиз ва ҳаҷми ҳамлу нақли мол 1,4 фоиз афзуд. Мувофиқи маълумоти кумитаи байнидавлатии омори ИДМ, истеҳсоли маҳсулоти саноат дар Озарбойҷон 14,1 фоиз, дар Белорусия 13,1 ва дар Ӯзбекистон 12, 2 фоиз афзудааст, ки ин дар миқёси ИДМ натиҷаи беҳтарин ба шумор меравад. Дар баробари ин афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноат дар Қирғизистон 5,8 фоиз, дар Қазоқистон 3,3 фоиз ва дар Арманистон 1,8 фоизро ташкил дод, ки дар ИДМ натиҷаи камтарин ба шумор меравад. Тарҷумон — А. Қудратов.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






