ТУХМӢ БОЯД БОЗПАС ГАРДОНДА ШАВАД

Сентябрь 19, 2008 10:54

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати кишоварзӣ баҳри рушди соҳаи ғаллакорӣ аз Пажӯҳишгоҳи Лукяненкои кишвари Краснодари Федератсияи Русия, хоҷагии Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор ва хоҷагии Мукаррамови ноҳияи Исфара дар маҷмӯъ 1332,2 тонна гандуми тухмӣ харидорӣ намуда, ба хоҷагиҳои ғаллакори вилояту шаҳр ва ноҳияҳо дар асоси шартнома супорид. Аз он ҷумла ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 80 тонна вилояти Суғд — 125, вилояти Хатлон 770,7 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 305,5 тонна гандуми тухмӣ супорида шудааст. Акнун хоҷагиҳоро зарур аст, ки миқдори тухмии гандумро, ки 1332,2 тоннаро ташкил медиҳад, ба Вазорати кишоварзӣ бозпас гардонанд.

Сентябрь 19, 2008 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид