ТУНЕЛИ МОШИНГАРДИ ИСТИҚЛОЛ ДУ МОҲ БАСТА МЕШАВАД

Сентябрь 8, 2008 11:22

Тунели мошингарди Истиқлол, ки аз зери ағбаи Анзоб рафтуои мошинҳоро байни маркази ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд таъмин менамояд, аз рӯзи 12 сентябри соли равон ба мӯҳлати ду моҳ баста мешавад. Дар ин бора имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди кории худ аз ин мавзеъ ба масъулини соҳа дастур дод. 7 сентябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи сохтмони туннели мошингарди Истиқлол, ки аз зери ағбаи Анзоб рафтуои мошинҳоро байни маркази ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд таъмин менамояд, дидан карда, бо масъулини соҳа ва сохтмончиёни тоҷику эронии ин иншооти муҳими инфрасохторӣ аз наздик сӯҳбат намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо хабар дод, ки рафтуои мошинҳо тавассути туннели Истиқлол аз рӯзи 12 сентябри соли равон ба мӯҳлати 2 моҳ қатъ карда мешавад, то ки онҳо ба кори сохтмончиён халал нарасонанд. Онҳо дар ҷавоб ба ин посух доданд, ки ба кори себастии шабонарӯзӣ гузашта, корҳои ниҳоии сохтмони тунелро дар мӯҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом медиҳанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки корҳо бояд бо сифати баланди ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ то охири соли равон иҷро карда шаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо онҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳану мошингарди байни Тоҷикистону Афғонистону Эрон ва Тоҷикистону Қирғизистону Чин, дигар роҳҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва пулҳои бузург, ки тавассути онҳо чор сӯйи олам барои Тоҷикистон кушода мегардад, доир ба бунёди хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқу нерӯгоҳҳои барқӣ ва дигар мавзӯъҳо сӯҳбатҳои ҷолибу хотирмон анҷом дод. Боздиди навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин иншоот, ки ба рӯзи якшанбе рост омад, ба сохтмончиён рӯҳу илҳоми тоза бахшида, онҳоро ба меҳнати пурсамар водор намуд. Хотиррасон мекунем, ки тибқи мувофиқаҳои Сарварони Тоҷикистону Эрон — Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод барои анҷом додани корҳои ҳаводиҳӣ ва равшаннамоии дохили тунел ба наздикӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон 6 миллион доллари амрикоӣ маблағи иловагӣ ҷудо карда мешавад. То охири соли равон корҳои ҳаводиҳию равшаннамоӣ ва аз обҳои зеризаминӣ хушк кардани тунел бояд пурра ба поён расанд. Дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанок Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо роҳсозони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ аз наздик сӯҳбат намуда, аз рафти корҳои азнавсозии ин шоҳроҳи муҳим пурсон шуд. Зимни сӯҳбат зикр гардид, ки бунёди қариб ҳамаи иншооти зиддитармавӣ, ки дарозии умумиашон аз ҷониби шаҳри Душанбе то туннели Истиқлол 3600 метрро ташкил медиҳад, то моҳи ноябр анҷом меёбад. Дар ҳамин мӯҳлат дар ин қитъаи роҳ корҳои мумфаршкунӣ низ қариб ба пуррагӣ анҷом дода мешаванд. Аллакай имрӯз гуфтан мумкин аст, ки сохтмони қитъаи аз шаҳри Душанбе то наздикии деҳаи Майхураи ноҳияи Варзоби ин роҳ бо стандартҳои байналмилалӣ таҷдид шудааст. Хотиррасон бояд кард, ки лоиҳаи мазкур бо маблағи 295,9 миллион доллари амрикоӣ азнавсозии пурраи шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ-Истаравшан-Хуҷанд-Бӯстон-Чанокро бо назардошти сохтмони қитъаҳои нави роҳ ва тунели Шаҳристон, ки дарозияш беш аз 5 км аст, таъмин менамояд. Азнавсозии ин роҳ ҳамчунин сохтмони туннели 900 – метраи Майхӯра, 38 адад пулҳои хурду бузург, наздики 6300 метр иншооти зиддитармавӣ, ё худ тунелҳои рӯйизаминӣ, дар масофаи 5974 метр васл кардан ва хобонидани 352 адад қубурҳои обгузар ва дигар корҳоро дар бар мегирад. Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншоот бори дигар собит намуд, ки ӯ чун раҳбару раҳнамои дилсӯзи мардум ҳамаи корҳои созандагию бунёдкориро дар тамоми қаламрави кишвар таҳти назорат ва ғамхории доимии худ қарор додааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Сентябрь 8, 2008 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад