ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ БА ГУЗАРОНИДАНИ МУЛОҚОТИ ЗИЁИЁНИ ИЛМИЮ ЭҶОДКОРИ ИДМ ТАЙЁР АСТ

Сентябрь 15, 2008 15:44

Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — То оғози мулоқоти сеюми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори мамлакатҳои ИДМ дар Душанбе ду рӯз боқӣ мондааст. Ҳалли бисёр масъалаҳои тайёр кардану гузаронидани мулоқоти мазкур ба зиммаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ гузошта шуда буд. Мухбири АМИТ «Ховар» дар ин масъала бо сармутахассиси Раёсати муносибатҳои байналхалқии вазорат Тамара Насимова ҳамсӯҳбат шуд. Тамара Насимова зикр намуд, ки то имрӯз ҳамаи масъалаҳои ташкилии тайёрӣ ба мулоқот ҳал карда шудаанд. Кормандони масъули вазорат меҳмононро пешвоз гирифта, дар меҳмонхонаҳо ҷой мекунанд ва маҳфилҳои алоҳидаи онро дар ҷойҳои таъиншуда баргузор месозанд. Мулоқоти зиёиёни илмӣ ва эҷодкори мамлакатҳои ИДМ дар қароргоҳи берунишаҳрии Ҳукумати ҷумҳурӣ — «Пуғус» кушода мешавад. Онро раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ Меҳмон Бахтӣ мекушояд. Мулоқот баъдан таҳти раёсати ректори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов Виктор Садовничий давом мекунад. Тибқи нақша, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни мулоқотро хайра мақдам хоҳад гуфт. Сипас маҳфилҳои мулоқот дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла, дастгирии адибони ҷавон, ҳифзи осори фарҳангӣ, адабиёт, нашри китоб, театр, кино, мусиқӣ, санъати сирк ва ғайра дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Қасри ҷавонони «Пойтахт», Коҳи Ваҳдат, театри ба номи Лоҳутӣ ва ғайра баргузор мегарданд. Маркази матбуоти мулоқот дар давоми он бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ нишастҳои матбуотӣ ташкил менамояд. Т.Насимова зикр кард, ки ҳайати зиёиёни Туркманистон дирӯз аввалин шуда ба Душанбе омад. Ҳайатҳои мамлакатҳои дигар имрӯзу пагоҳ ба пойтахти Тоҷикистон ташриф меоранд.

Сентябрь 15, 2008 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид