ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ЧОРВО

Сентябрь 23, 2008 09:22

Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Кумитаи давлатии омор ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки захираи хӯроки чорво дар як қисми ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои зимистон ба таври кофӣ ҷамъоварӣ нашудааст, ки ин боиси нигаронии мутахассисони соҳа гардидааст. То 1 сентябр дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ( фермерӣ) 487 ҳазору 574 тонна хӯроки дурушт захира карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 — 4 % кам аст. Дар муқоиса ба соли 2007 захираи хӯроки дурушт дар хоҷагиҳои вилояти Суғд 35 %, ноҳияҳои Тавилдара, Файзобод ва Турсунзода мутаносибан 14, — 7 ва 6 фоиз камтар хӯроки чорво захира намудаанд.

Сентябрь 23, 2008 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад