«ЗАНИ САРВАТМАНД» ҲУНАРМАНДОНИ ТОҶИКРО СОҲИБИ ҶОИЗА ГАРДОНД

Сентябрь 10, 2008 16:54

Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Аз 2 то 6 сентябр дар шаҳри Алмаато ҷашнвораи байналхалқии театрҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов ва Театри мусиқии мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи А.Муҳаммадҷонов ширкат варзиданд. Ҳунармандони Театри ҷавонони Тоҷикистон асари саҳнавии коргардон Султон Усмонов «Зани сарватманд» ва ҳунармандони театри Қӯрғонтеппа асари саҳнавии коргардон Б.Раҷабов «Ёри ягонаи ту» -ро пешкаши тамошобинон гардонданд. Ин асарҳои саҳнавӣ тамошобинон ва ҳайати доваронро ба ваҷд оварданд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Н.Нуриддинов барои офаридани нақши асосии мардона дар асари саҳнавии «Ёри ягонаи ту» ҷоизаи асосиро ба даст оварда, соҳиби 2900 доллари ИМА гардид. Ба намоишномаи мазкур ба маблағи 1700 доллари ИМА мукофоти вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон дода шуд. Барои гирд овардани гурӯҳи ҳунарпешагони боистеъдод ба намоишномаи «Зани сарватманд» ба маблағи 3200 доллари ИМА мукофот дода шуд.

Сентябрь 10, 2008 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид