ЗИЁДА АЗ 1000 КГ МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА ШУД
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). – Кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ дар давоми 8 моҳи гузаштаи соли равон 1 ҳазору 105 килограму 403 грам маводи нашъадорро мусодира карданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44 фоиз бештар аст. 261 килограму 315 грам маводи нашъадори мусодирашуда героин аст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки бо фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 29 августи соли 2008 се корманди агентии мазкур барои муваффақиятҳои калонашон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. Аз ҷумла, муфаттиши калони шӯъбаи тафтишот М. Додоматов ордени «Спитамен» (дараҷаи 2), сардори шӯъбаи раёсати зудамали ҷустуҷӯи ҷиноят С.Неъмонов медали «Хизмати шоиста» ва сардори шӯъбаи умумии агентӣ М. Ҳазратқулов «Ифтихорнома» гирифтанд. Аз рӯзи аввали ташкили агентӣ то имрӯз 21 корманди он бо мукофотҳои давлатӣ қадр карда шуд. .








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






