1 МИЛЛИАРДУ 139,4 МИЛЛИОН СОМОНИИ БУҶЕТ БАРОИ СОҲАИ МАОРИФ
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар лоиҳаи Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2009 ба соҳаи маорифи мамлакат 1 миллиарду 139, 4 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин нисбати соли 2008-ум 448, 2 миллион сомонӣ ё 65 фоиз зиёд аст. Чунин зикр шуд, зимни баррасии лоиҳаи Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2009 дар ҷаласаи Кумитаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ. Ин раванд ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди рушди соҳаи маориф дар мамлакат мусоидат менамояд. Зеро пойдевор ва пешрафту дастовардҳои ҳар як давлату миллат маҳз ба соҳаи маориф сахт марбут аст. Инчунин, дар Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2009 ба дигар соҳаи муҳими ҷумҳурӣ -соҳаи тандурустӣ 395,7 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбати соли гузашта 141 миллион сомонӣ ва ё 55 фоиз зиёд мебошад. Ин имкон медиҳад, ки соҳаи тандурустӣ дар ҷумҳурӣ рушд ёфта, хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда шавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






