ҚУРБИ ПУЛИ МИЛЛИ УСТУВОР ГАШТ
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Имрӯз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти кишварҳои дунё зарари калони молиявӣ расонида истодааст,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода. Ӯ инчунин зикр кард, ки натиҷаҳои он тағйирёбии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ, тағйирёбии қурби доллари амрикоӣ, тағйирёбии нархҳо дар биржаҳои молиявии ҷахон, муфлисшавии бонкҳо ва ширкатҳои хурду калони давлатҳои пешрафта мебошад. Ҳукумати як қатор давлатҳо алакай аз маблағҳои буҷетӣ барои бартараф сохтани мушкилоти пардохтпазирии бонкҳояшон, зиёда аз 2 трилион доллари амрикоӣ ҷудо намуданд. Ин бӯҳрони иқтисодӣ ба ҷумҳурии мо ҳам каме таъсир расонид, ки ин боиси афзудани сатҳи таваррум гардид. Новобаста аз ин, раванди рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ тамоили нисбатан мӯътадилро соҳиб гашт. Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 12 миллиарду 374, 8 миллион сомониро ташкил дод. Таваррум бошад, ба 12,7 фоиз расид. Нархи маҳсулоти озуқаворӣ 14,5 фоиз ва маҳсулоти ғайриозуқа 4,4 зиёд шуд. Бояд гуфт, ки қурби пули миллӣ дар нӯҳмоҳаи соли равон 2,8 фоиз устувор гашт.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






