ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Октябрь 17, 2008 15:34

             Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Душанбе Ҷаласаи сеюми ҳайати Тоҷикистону Австрия баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобоев ва роҳбари муовини палатаи Австрия Рихард Шенс иштирок намуданд.            Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои дуҷониба сол то густариш меёбанд. Мубодилаи мол байни ин ду давлат дар давоми нӯҳ моҳи соли равон 2,5 миллион доллари амрикоиро ташкил намуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 маротиба зиёда аст. Аз ин мамалакати пуриқтидор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи хӯрока, доруворӣ ва мошину таҷизот ворид шудааст. Вале муттаасифона, имол аз ҷумҳурии мо Австрия ягон маҳсулот содир нагаштааст.Ҳоло дар ҷумҳурии мо корхонаҳои муштараки «Кӯлоб текстил» , «Мармар», «Панорама — 2003», «Худжанд пекинг», «Синде Хуҷанд» ва «Рахш» амал мекунанд.               Сипас вохӯрии намояндагони ҳарду кишвар баргузор гардид. Роҳбарони 50 корхонаи Тоҷикистон бо шарикони хориҷиашон масъалаҳои тавсияи хамкориро баррасӣ намуданд.  

Октябрь 17, 2008 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд