ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ДОИМИИ АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ИДМ

Октябрь 28, 2008 16:27

                   Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ 28 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ баргузор гардид.                  Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сафар Сафаров дар ҷараёни ҷаласа иштирокдорони онро бо фаъолияти Мақоми Олии қонунбарори Тоҷикистон шинос намуд.                 Муовини Раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ Сафаралӣ Раҷабов роҷеъ ба ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои узви Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ сухан карда, гуфт ки сохтори байнипарлумонӣ дар роҳи наздик сохтани қонунгузории миллӣ ва таҳквияти ҳамкории байнипарлумонӣ беш аз пеш фаъолияташро густариш медиҳад.                Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар давлатҳо ҳангоми омода сохтани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз қонунҳои модулӣ васеъ истифода мебарад. Ва дар ин замина палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо истифода аз ҳуҷҷатҳои тавсиядиҳандаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ як қатор қонунҳои барои Тоҷикистон муҳимро қабул кардааст.                 Дар ҷаласа намояндагони Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ атрофи масъалаҳои сохтори давлатӣ, худидораи маҳаллӣ, тақвияти ҳамкориҳои байнипарулмонӣ дар доираи Ассамблея ибрози назар карданд. Онҳо аз осорхона, китобхона ва толорҳои маҷлисгоҳи парлумони Тоҷикистон боздид намуда, бо фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт шинос гардиданд.                 Дар назар аст, ки иштирокдорони ҷаласа ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти ҳокимияти маҳаллии ин шаҳр ошно мегарданд. 

Октябрь 28, 2008 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд