ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН

Октябрь 6, 2008 15:01

       Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Имрӯз зимни машварати дар Марказии тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ баргузоргардида натиҷаҳои тадқиқоти олимону мутахассисони марказ дар мавзӯи «Низоми миллии поквиҷдонию ҳалолкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст карда шуданд. Тадқиқот бо кӯмаки Муассисаси рушди СММ гузаронида шуд. Ҳадафи он ошкор намудани саҳм ва нақши ҷузъиёти гуногуни низоми фаъолияти давлат ва ҷомеа дар бобати таъмини рушди устувор ва муҳайё сохтани шароит барои ба вуҷуд овардани вазъияти поквиҷдонию ҳалолкорӣ дар ҷомеа мебошад. Дар ҷараёни тадқиқот фаъолияти мақомоти ҳокимияти қонунбарору иҷроия, судҳо, комиссияҳои интихобот, мақомоти муҳофизи қонун , Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ, соҳибкорону тоҷирон ва баъзе созмонҳои байналхалқӣ таҳлил карда шуд. Мутахассисони марказ барои таҳлили ин проблема бо намояндагони корхонаю муассисаҳои гуногун ва шахсони алоҳида ҳамсӯҳбат шуда, ҳуҷҷатҳои дахлдорро омӯхтанд. Дар ҷараёни тадқиқот омилҳои гуногуни масъала, аз ҷумла таъсири ришвахӯрӣ ҳамчун омили ба рушди низоми давлатӣ таҳдидкунанда, муносибати сохторҳои давлатӣ, қонунбарор, байналхалқӣ ва суду прокуратура, инчунин ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ ба ришвахӯрӣ, муайян кардани шароити воқеии дараҷаи ришвахӯрӣ ва имкониятҳои ҷомеа дар мубориза ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб ва ғайра муайян карда шуданд. Дар натиҷаи тадқиқот муқаррар гардид, ки солҳои охир барои кам кардани ришвахӯрӣ дар мамлакат корҳои муайян анҷом дода шудаанд. Бо вуҷуди ин проблемаи мазкур мисли пештара хеле ҷиддӣ буда, барои ҳалли он аз ҷониби мақомоти дахлдор андешидани тадбирҳои қатъиро тақозо менамоянд.

Октябрь 6, 2008 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид