ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «СИТОРАИ СОЛ»

Октябрь 4, 2008 11:40

          Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Имрӯз дар Кохи Борбад озмуни «Ситораи сол» ҷамъбаст карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки озмуни мазкур аз соли 1996 инҷониб баргузор карда шавад ҳам, то имрӯз ҳамагӣ се маротиба гузаронида шудааст.Бояд гуфт, ки иштирокчиёни консерти хотимавии озмунро хонандагони ҳафтаномаи «Оила» дар давоми 9 моҳ интихоб намуданд.          Аз оғози эълони озмун 80 овозхон барои иштирок дар он ариза дода буд, вале хонандагони ҳафтанома дар ин муддат ба тарафдории 20 ҳунарпеша овоз дода, онҳоро барои гирифтани унвони «Ситораи сол» номзади арзанда номиданд. Дар байни онҳо овозхонҳо Сироҷиддин Фозилов, Шабнами Сурайё, Тахмина Ниёзова ва дигарон ҳастанд. Ҳамаи овозхонҳое, ки дар консерти хотимавӣ иштирок мекунанд, бо дипломҳо ва муҷассамаҳои заррини дар шакли ситораи панҷгӯшаи ба пояи булӯрин насбшуда мукофотонида мешаванд.          Ба консерти хотимавии озмун дастаи раққосони балети «Виват» — и Қазоқистон низ даъват шудааст.Тарҷумон — А. Қудратов.

Октябрь 4, 2008 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид