ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА СУСТ ШУД
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, то 27 октябри соли ҷорӣ хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ ба андозаи 343 ҳазору 563 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ин баробари 62,2 фоизи нақшаи солонаи пахтатайёркунӣ мебошад Рафти пахтатайёркунӣ яку якбора аз 1,7-1,8 фоиз ба 0,6 -0,4 ва 0,2 фоиз паст фуромад. Дар вилояти Хатлон аз 331 ҳазору 900 тоннаи дар дурнамои истеҳсоли нишондодашуда, 238 ҳазору 919 тонна, вилояти Суғд аз 172 ҳазору 100 тонна — 81,151 тонна ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 48 ҳазору 500 тонна 23 ҳазору 493 тонна пахта тайёр карда шудааст. Бо чунин сурат гирифтани кор дар ҷамъоварии пахта, боз 38 рӯзи тақвимӣ зарур аст, ки ин ҷамъоварии пурраи пахтаро зери суол қарор медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






