ҶАМЪОВАРИИ САБЗАВОТ

Октябрь 3, 2008 15:07

Душанбе, 3 октябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 328620 тонна сабзавот ҷамъоварӣ карда мешавад. Бино ба гуфти сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Саймурод Баҳриддинов, ҷамъоварии 328 ҳазору 620 тонна сабзавот имкон медиҳад, ки сокинони ҷумҳурӣ бо сабзавот пурра таъмин шуда, барои замистони худ низ садҳо қуттӣ консерва тайёр намоянд. Боиси ёдоварист, ки соли ҷорӣ хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) дар майдони 13 ҳазору 214 гектар сабзавот кишт намуданд. . То 29 сентябр майдони 8 ҳазору 416,5 гектар аз сабзавот холӣ ва барои кишти тирамоҳӣ тайёр карда шудааст. Аз майдони зикршуда, 151 ҳазору 149,5 тонна сабзавот гирифта шуд, ки ин баробари 46 фоизи нақша мебошад.

Октябрь 3, 2008 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд