ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИНОИ «ДИДОРИ ДУШАНБЕ»
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 12 то 16 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи байналмилалии «Дидори Душанбе – 2008» баргузор мегардад. Ҷашнвораи мазкур 12 октябр соати 17 дар Театри драммавии русии ба номи В.Маяковский кушода мешавад. Тибқи барномаи ҷашнвора, гузаронидани озмуни байналмилалии филмҳо, намоиши филмҳои кӯтоҳметражи ҳунарии истеҳсоли Эрон, намоиши филмҳои афғонӣ, тоҷикӣ, мизи мудаввар ва ғайра пешбинӣ карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин ҷашнвора киносозони Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Русия, Муғулистон, Гурҷистон, Олмон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Туркия иштирок мекунанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






