ҶЕЙКОБСОН: «ДАСГИРИИ ҲАМАҶОНИБАИ АҲОЛИ – МУСОИДАТ БА РУШДИ УСТУВОРИ ҶО

Октябрь 31, 2008 16:49

              Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки баҳри дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии Тоҷикистон 600 тонна тухмии хушсифати гандумро бо нархи нисбатан арзон, қариб якбаробар аз бозорҳои дохилӣ арзон дастрас намояд.               Имрӯз, 31 октябр Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷекобсон бо мақсади иштирок дар маросими тақсими марҳилаи аввали ин тасмим ба ноҳияи Шаҳритус ташриф овард. Дар ин ноҳия 120 тонна тухмии хушсифати навъи «краснодарское 99»-и гандум ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ниёзманд бо нархи 3 сомонию 70 дирам тақсим гардид.              Ҷейкобсон дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки бо дарназардошти зимистони вазнини соли гузашта ва боло рафтани нархи маводи хӯрока дар Тоҷикистон Сафорати ИМА дар Душанбе бо мақсади кӯмак ба аҳолии Тоҷикистон 3,5 миллион доллари амрикоӣ кӯмак расонд. Имсол, бо ин мақсад 6 миллион доллари ИМА пешбинӣ шудааст, ки 700 ҳазор доллари амрикоии он барои таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ниёзманд бо тухмии хушсифати гандум ҷудо карда шуд.              Маврид ба зикр аст, ки чунин иқдом дар ноҳияҳои Қубодиён, Ҷиликӯл ва ноҳияҳои тобеи марказ низ сурат гирифта, дар баробари ин моҳи феврали соли ҷорӣ овардани 800 тонна карбонит дар назар дошта шудааст.              «Мо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти кишоварзӣ барномаҳои мухталиф дорем ва дар ин самт барномаи ҷадиде низ ба наздикӣ таҳия мешавад, ки баҳри дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва озодии деҳқонон равона шудааст», — тазаккур дод Сафири ИМА дар Тоҷикистон.              Ҷейкобсон афзуд, ки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар қатори барномаҳои соҳаи кишоварзӣ, ҳамзамон дар соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, маориф, ҳарбӣ ва ғайра маблағгузорӣ мекунад. Бахусус, дар барқарорсозии мавзеъҳои таърихӣ, кӯмак баҳри рушди таълиму тарбия ва азнавсозии нуқтаҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз ҷумлаи инҳоянд.               «Тазаккур додан ба маврид аст, ки Сафорати ИМА дар Душанбе таваҷҷӯҳи бештарро ба маблағгузории самти дастгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон нигаронидааст, чун ки дасгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ба рушди устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунад», — гуфт дар хотима Ҷейкобсон.

Октябрь 31, 2008 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст