ҶИНОЯТКОРОН ҶАЗОИ САЗОВОР ГИРИФТАНД
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Суди ноҳияи Мир Са-ид Алии Ҳамадонӣ муҳокимаи парвандаи ҷиноии аъзои гурӯҳи муташаккили транс-миллии нашъаҷаллобонро ба охир расонд. Аз Маркази робитаҳои ҷамъияти Кумитаи давлатии амнияти милли ҶТ ба мух-бири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кормандони гурӯҳи зудамали Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ва шаҳри Душанбе муайян карданд, ки аъзои гурӯҳи муташаккили трансмиллии нашъаҷаллоб аз ҷумлаи шаҳрвандони Афғонистон, Гурҷистон ва Тоҷикистон муддати тӯлонӣ ба қочоқ ва хариду фурӯши маводи нашъаовар машғул мебошад. Аз гурӯҳи мазкур моҳи марти соли 2008 дар ҳудуди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қариб 70 килограм маводи нашъадор му-содира гардида буд. Бо ҳукми суди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аъзои дастаи мазкур шаҳрванди Ҷумҳурии Гурҷистон Заза Балиашвилӣ ба мӯҳлати 17 сол ва шаҳрвандони Тоҷикистон Сафаралӣ Ҳомидов ба мӯҳлати 18 солу 9 моҳ, Юсуфҷон Юнусов ба мӯҳлати 18 сол, Оди-нашо Сатторов ба мӯҳлати 14 сол ва Муҳаммадҷон Қосимов ба муддати як сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.








Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд






