ҶОИЗАИ АСОСИИ МУСОБИҚА — 1000 ДОЛЛАРИ ИМА!
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Имрӯзҳо дар пойтахти мамлакат мусобиқаи чоруми тенисбозони наврас барои ба даст овардани Ҷоми Президенти Тоҷикистон давом дорад. Дар мусобиқа аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ , Эрон ва Афғонистон бештар аз 40 варзишгар иштирок дорад. Бояд гуфт, ки аксарияти варзишгарон дар мусобиқаҳои пештара якҷоя иштирок намуда, ҳамдигарро хуб мешиносанд ва ҷиҳатҳои мусбату манфии рақибонашонро ҳамаҷониба омӯхтаанд. Муовини раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон Ибод Шарифӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ба ҳашт нафар теннисбози беҳтарин ва чор ҷуфти варзишгарон, ки ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд, мукофотҳо дода мешаванд. Мукофоти асосии мусобиқа Ҷоми Президент ва 1000 доллари ИМА мебошад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






