ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ МОНД
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ "Ховар", Пайрав Назаров).- Теннисбози тоҷик Аҳмадҷони Муҳаммад барандаи дукаратаи Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Вай 8 октябр дар қувваозмоӣ бо ҳарифи асосии худ — теннисбози ӯзбек Темур Ҳабибулин дар ду давр бо ҳисобҳои 6:1 ва 6:3 ғолиб омад. Дар мусобиқаи духтарон ғалаба насиби теннисбоздухтари ӯзбек Сабина Шарифова гардид. Вай бори сеюм дар чунин мусобиқа ғолиб меояд. Сабина Шарифова зимни қувваозмоӣ бо намояндаи Тоҷикистон Сарвинози Саидмуҳаммад ғолиб омад. Сабина Шарифова аз Ӯзбекистон ва Сарвинози Саидмуҳаммад дар қувваозмоии дунафарӣ ғолиб омаданд. Дар байни писарон теннисбозони эронӣ Сино Адибӣ ва Муртазо Муаззам ғалаба ба даст оварданд. Ба ғолибони қувваозмоиҳои якнафарӣ ва дунафарӣ Ҷоми Президенти Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ супорида шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






