423 КИЛОГГРАМ МАВОДИ НАШЪАВОР ДАР ДОХИЛИ КАМЕРАИ БАЛОНИ АВТОМОБИЛ
Душанбе 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 11 майи соли 2008 ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Агентии назоратии маводи нашъаоварӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) дар дидбонгоҳи «Чорбоғ»-и шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи Камаз-5320, рақамҳои давлатиаш ВН 78-92 РТ/01 таҳти идораи ронанда Табаров Раҷабалӣ боздошт карда шуда, барои тафтиш ба маркази кинологии АНМН ҶТ, оварда шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти прокуратураи генералии ҶТ хабар доданд, дар натиҷаи азназаргузаронии автомашинаи зикршуда аз дохили цистерна дар дохили камераи баллони автомобил ба миқдори 33 бандчаи селофанӣ бо маводи хокамонанди рангиаш сафедчатоб ва дар 17 халтаи дигар маводи хамирмонанди рангаш ҷигарӣ дарёфт карда гирифта шуд. Мувофиқи маълумотномаи мутахассис, маводҳои аз автомашинаи Табаров Р. дарёфт карда гирифта шуда, маводи нашъавори героин буда, вазни 33 кг. 823,5 гр. ва афъюн ба миқдори 389 кг. 821 граммро ташкил медиҳад. Вазни умумии маводҳои нашъаовари мусодира гардида 423 кг. 645,2 граммро ташкил медиҳад. Дар рафти гузаронидани ҳаракатҳои фаврӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти зикргардидаро Табаров Р. дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Муродов Мирзошариф, Аёмов Баҳодур, Наҷмиддинов Фирдавс ва шахси ба тафтишот номаълум бо номи «Раҳим» содир намудааст. Оиди ин ҳодиса 12 майи соли ҷорӣ аз тарафи АНМН ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. 2 октябри соли 2008 парвандаи ҷиноятӣ ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои барраси ирсол карда шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






