А.АШӮР: «ДАСТОВАРДҲОИ НАҚЛИЁТЧИЁНИ ТОҶИК БЕНАЗИР АСТ»

Октябрь 27, 2008 14:10

               Душанбе, 27 октябр (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- «Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ, корҳои сохтмону таҷдид ва барқарорсозию лоиҳабандии роҳҳо дар 17 барномаи инвеститсионй ба маблағи 558307,1 ҳазор доллари ИМА босуръат идома дошта, мутобиқи нақшаи дурнамои ин соҳа оғозёбии корҳо дар дигар иншооти муҳими ин соҳа дар назар аст», гуфт дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон вазири нақлиёт ва коммуникатсия ҷумҳурӣ Абдураҳим Ашӯр.                Мавсуф зикр намуд, ки дар ин давра дар 21 иншооти сохтмони асосӣ танҳо 82,4% маблағгузории асосӣ аз худ карда шудааст.                 Алҳол дар тамоми минтақаҳои дурдасту камаҳолии ҷумҳурӣ танҳо шабакоти алоқаи барқ ва ё шабакаи алоқаи кайҳонии намуди «Дама сет»-и оператори миллӣ ҶСК «Тоҷиктелеком», ки теъдоди онҳо 37 ададро ташкил медиҳанд, амал менамоянду халос. Вобаста ба рушди шабакоти алоқаи телефонӣ вусъатёбии шабакоти алоқаи собити бесими стандарти CDМA мавриди қайди алоҳида мебошад. Дар зарфи нӯҳ, моҳ теъдоди муштариёни аз ин намуди алоқа истифодабаранда 1989 нафар зиёд гардида, шумораи умумии муштариён ба 12358 муштарӣ расонида шуд.                  Дар зарфи 9 моҳи сипаришуда нисбати ҳамин давраи соли гузашта тавассути нақлиёти автомобили ҳаҷми боркашонӣ 11,8 % ва мусофирбарӣ 7,4% рушд ёфта, баҳри иҷроиши он 2895 адад нақлиёти боркашон ва 6828 адад нақлиёти мусофирбар истифода гардидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар зарфи 9 моҳ ҳар як воситаи нақлиётии боркашон ба андозаи 372,4 ҳазор тонна километр гардиши боркашонӣ ва нақлиёти мусофирбар 299,8 ҳазор мусофир километрро иҷро намудааст.                  Дар соҳаи таъмири роҳ ва воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан дар корхона хамаи корҳои нақшавӣ асосан анҷом ёфта дар ин муддат ба маблағи 33,0 млн корҳои таъмири асосй, 7,5 млн сомонӣ таъмири пойгоҳӣ ва сохтмони асосӣ 10,1 милион сомонӣ иҷро гардидааст.  

Октябрь 27, 2008 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад