АФЗОИШИ МУЗДИ МЕҲНАТ
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси шаҳри Ваҳдат, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвари Вайсидин, дар 9 моҳи соли 2008 дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия 14 ҳазору 572 нафар коргарон ба кор ҷалб карда шуданд, ки ба онҳо 14 миллиону 899 ҳазор сомонӣ музди меҳнат дода шудааст, ки нисбати ҳамн давраи соли гузашта 3 миллиону 306 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳисоби миёнаи музди меҳнат ба як коргар ба 130,2 сомонӣ рост меояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 — 26,8 сомонӣ зиёд аст. Ҳисоби музди меҳнат дар соҳаи саноат- 269,9, сохтмон — 199,4, нақлиёт — 121,9, маориф — 151,1 ва тандурустӣ -79,2 сомонӣ мебошад. Аз ҳама камтарин музди меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ 64,5 сомонӣ ва аз ҳама зиёд дар соҳаи бонкӣ 434,4 сомонӣ ҳисоб карда шудааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






