АНҶУМАНИ ҶАРРОҲОНИ ДИЛУ РАГИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ "Ховар", О.Соболев).- Рӯзҳои 10 ва 11 октябр дар Душанбе анҷумани дуюми ҷарроҳони дилу раги мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ҷараёни анҷуман конфронси сеюми духтурони дили Тоҷикистон гузаронида мешавад. Яке аз ташкилкунандагони анҷуман директори Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси синаи Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои мамлакат Тошпӯлод Гулмуродов мебошад. Вай зикр кард, ки дар анҷуман маҷмуи васеи масъалаҳои ҷарроҳии дилу раг муҳокима карда мешавад. Дар он ба проблемаҳои табобати бемориҳои дил ва ҷарроҳии он диққати махсус дода хоҳад шуд. Ба ақидаи олим, бисёр маърӯзаҳо дар анҷуман ба истифодаи роҳу усулҳои табобати бемориҳои дилу раг бо кӯмаки дору бахшида мешаванд. Умед аст, ки анҷуман дар пешрафти соҳаи ҷарроҳии дилу раг дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ нақши калон мегузорад, гуфт Т.Гулмуродов.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






