АСКАРАВЛОДИ БА 240 АРУСУ ДОМОДИ ДУШАНБЕ МЕҲРУ ВАФО ВА САОДАТИ РУЗГОР ОРЗУ КАРД
Душанбе, 22 октябр.(Марзия Саидова).-22 октябр толори Мӯҷтамеи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт шукӯҳи хоса дошт. Дар ин ҷо дар маросими ботантана тӯйи арӯсии 120 ҷуфт ҷавони шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Арӯсу домодҳоро Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғар Амир Шеърдӯст ва намояндаи макоми муаззами рахбарии Эрон дар Кумитаи имдоди имом Хумайнии ин кишвар Ҳабибуллоҳ Аскаравлодӣ бо ин рӯзи саиду фархунда табрик намуда, ба онҳо саодати рӯзгор ва меҳру муҳаббати самимиро таманно карданд. Баргузории чунин туйҳои хонадоршавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарордоди ҳамкории байни Ҳукумати Тоҷикистону Эрон ҷараён гирифта, то имрӯз тӯйи арӯсии 650 ҷуфт фарзандони оилаҳои камбизоат дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ гузаронида шудааст ва он бо ибтикори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуда, ба навхонадорон ба маблағи беш аз 3 ҳазор сомонӣ ҷиҳози рӯзгор тақдим карда мешавад. Тибқи нақшаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон бояд ҷашни издивоҷи 1000 ҷуфт ҷавонон дар ҷумҳуриамон барпо карда шавад. Ҳамзамон имрӯз дар доираи баргузории тӯи арӯсӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, ки онҳо маҳсули дастони бонувони марказҳои дӯзандагии намояндагии Кумитаи имдод аст. Алҳол теъдоди онҳо дар Тоҷикистон ба 10 адад мерасад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






