АСКАРАВЛОДИ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 21 октябр як ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии намояндаи мақоми муаззами раҳбари дар Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ, Раиси Шӯрои марказии ин созмон Ҳабибуллоҳ Аскаравлодӣ ба Душанбе меояд. Мақсади сафари Аскаравлодӣ ба Душанбе иштирок дар маросими тӯйи арӯсии 120 ҷуфт ҷавонони тоҷик ва баррасии тавсиаи ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон аст. Дар ҷараёни сафари худ Аскаравлодӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев, муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Амонулло Неъматзода ва Раиси хазинаи «Хайрия»-и Тоҷикистон Талбак Назаров дидору мулоқот намуда, таҳкими ҳамкориҳои судмани ду кишварро дар бахши иҷтимоӣ дар доираи фаъолияти Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ баррасӣ менамояд. Назар ба гуфти раиси намондагии Кумитаи мазкур дар Тоҷикистон Сайид Ҳомид Азимӣ ин сафари нахустини Аскаравлодӣ ба Тоҷикистон буда, ӯро дар сафар намояндагони парлумони Эрон низ ҳамроҳӣ мекунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






