АВВАЛИН КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА

Октябрь 27, 2008 16:03

              Душанбе, 27октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз расонидани кӯмаки башардӯстона ба 70 ҳазор оилаҳои деҳқонии 19 ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки аз зимистони соли гузашта зарар диданд, тақсим ва интиқоли тухмии хушсифату нурии минералӣ оғоз ёфт.              Кӯмаки башардӯстона дар чаҳорчӯбаи барномаи «Таъмини фаврӣ бо озуқа ва ворид намудани тухмиҳо», ки мувофиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ (ФАО)-и Созмони Милали Муттаҳид ва Бонки Умумиҷаҳонӣ ба имзо расидааст, амалӣ мешавад. Лоиҳаи мазкурро ФАО, Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи ҳифзи табиати ҷумҳурӣ амалӣ менамоянд.              Барои тақсим 5 намуди тухмии хушсифат интихоб гашт, ки 500 тоннаи он аз давлати Туркия ва 765 тонна аз ширкати маҳаллии Корхонаи истеҳсолии ба номи Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор харидорӣ гардидааст.               Барои оилаҳое, ки аз ин тухмӣ бархӯрдор мегарданд, ба андозаи 30 кг нурии минералӣ низ дода мешавад. Мақсад аз амалӣ намудани тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, таъмини аҳолии кишвар бо истеҳсоли ғаллаи худӣ ва таъмини амнияти иқтисодии кишвар мебошад.

Октябрь 27, 2008 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид