БА КОРДОН КОР ОСОН

Октябрь 28, 2008 17:11

              Шаҳринав, 28 октябр. ( АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Кормандони ҷамъияти матлуботи ноҳияи Шаҳринав баҳри танқисӣ накашидан аз маводҳои сӯзишворӣ дар фасли зимистон ва таъмини амнияти озукаворӣ дар бозорҳои дохилии ноҳия ва сари вақт таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили гӯшт, картошка, себ, хурмо, тадбирҳои судбахш меандешанд. Аз ҷумла онҳо то ин дам 700 тонна ангиштсанг, 60 тонна картошка , 60 тонна пиёз, 15 тонна хурмо, 5 тонна себро дар анборҳои ҷамъияти матлубот захира кардаанд. Дар дохили ноҳия дар 32 нуқта фурӯши маводи сӯзишворӣ ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ташкил кардаанд. Ду нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият дорад. Бо ибтикори ҷамъияти матлуботи ноҳия дар бозори Шомансури шаҳри Душанбе ҳамасола 120 тонна гӯшт бо нархи нисбатан арзон фурӯхта мешавад. Тавре раиси ҷамъияти матлуботи ноҳия Абдусамад Ғуломов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, кормандони ҷамъияти матлубот мақсад доранд, ки рӯзҳои наздик боз як корхонаи равғанбарор сохта ба истифода диҳанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки сохтмони чойхонаи нави ҳозиразамон шурӯъ гардад. Тибқи нақша ҷамъияти матлуботи ноҳия дар 10 гектар замин хоҷагии ёрирасон таъсис менамояд.  

Октябрь 28, 2008 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд