БАРҚИЯИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИЛҲОМ АЛИЕВ
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: Мӯҳтарам Илҳом Ҳайдарович, лутфан табрикоти самимонаи маро ба муносибати бори дигар ба мансаби олии раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб шуданатон қабул фармоед. Пирӯзии дубораи Шумо дар интихобот ба ин мансаби олӣ шаҳодати боварию эътимод ва сиёсате мебошад, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо ба гулгулшукуфоии Ҷумҳурии бародарии Озарбойҷон ва беҳтар сохтани шароити зиндагии мардуми он дар арсаи байналмилалӣ равона карда шудааст. Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун ҷонибдори густариши ҳамкориҳо байни кишварҳоямон, ки решаҳои амиқи таърихӣ доранд, эътироф мекунанд. Боварии комил дорам, ки ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми ҳар ду кишвар мебошад ва дар оянда низ тавсиа хоҳад ёфт. Мо омода ҳастем, ки баҳри татбиқ намудани ин амал тамоми тадбирҳои заруриро биандешем. Мӯҳтарам ҷаноби раис, Ҳайдар Алиевич, аз ин фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо сиҳатӣ ва саломатӣ ва комёбиҳо дар фаъолияти минбаъдаатон орзӯ менамоям.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






