БАРНОМАИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТКУНАНДА

Октябрь 3, 2008 16:21

Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Чанд рӯз пеш дар шаҳри Волгоград таҳти унвони «Роҳу усулҳои навтарин ва самарабахши амалӣ сохтани барномаи умумибашарии стратегии мубориза ба муқобили бемориҳои сирояткунанда дар қаламрави давлатҳои ИДМ» конфронси 9 – уми байналхалқии илмӣ баргузор гардид. Дар ин конфронс аз Тоҷикистон муовини директори идораи назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Исохон Гурезов ширкат варзид. Дар доираи конфронс маҷлиси навбатии Шӯрои хамоҳангсози ҳалли проблемаҳои ҳифзи санитарии қаламрави давлатҳои ИДМ аз ворид сохтан ва паҳн кардани бемориҳои махсусан хавфноки сирояткунанда гузаронида шуд. Иштирокчиёни маҷлис роҷеъ ба роҳу усулҳои имрӯзаи истифодаи имконияту захираҳои мамлакатҳои ИДМ барои амалӣ сохтани қоидаҳои байналхалқии тиббию санитарӣ, пешгирӣ ва бартараф сохтани оқибати вазъияти фавқулодда дар соҳаи тандурустӣ ва технологияҳои муосири таҳлилию иттилоотӣ ва назоратӣ табодули назар намуданд. Дар конфронс ва маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсоз олимону мутахассисони соҳаҳои микробшиносӣ, эпидемиология ва санитарияи мамлакатҳои ИДМ, инчунин намояндагони Созмони ҷаҳони тандурустӣ ширкат варзиданд.

Октябрь 3, 2008 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд