ЧОР БАРОБАР ЗИЁД

Октябрь 31, 2008 10:25

               Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси маълумоти Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, ки ба АМИТ «Ховар» додааст, ҷамъоварии картошка дар ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд нисбат ба нақшаи пешбинишуда чор баробар зиёд иҷро гардид.              Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ ноҳияи Исфара дар масоҳати 974 гектар картошка шинонда, то 27 октябри соли ҷорӣ ҳосили майдони 493 гектари ҷамъоварӣ шуд.             Тибқи дурнамои истеҳсолӣ, ноҳия дар соли ҷорӣ аз масоҳати 493 гектар рӯёнидани 1700 тонна картошкаро ба нақша гирифтааст.              Картошкапарварони ноҳия ҳоло аз майдони 493 гектар 6852 тонна картошка ҷамъоварӣ намуданд, ки ин аз нақша чор маротиба зиёд аст. Алҳол ҳосилнокии ҳар як гектар замини картошка ба 140 сентнерӣ бробар аст. Дар сурати ҷамъоварии пурраи картошка ҳосилнокии он метавонад боз як баробар зиёд гардад.

Октябрь 31, 2008 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд