Д. ҚУРБОНОВ: «ТААРРУФАҲОИ НЕРУИ БАРҚРО ДАР САТҲЕ МУҚАРРАР КАРД
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Таҳлил ва омӯзиши дурнамои истеҳсолию иқтисодии ШСХК «Барқи тоҷик» дар соли 2008 нишон дод, ки новобаста аз кӯшишҳои роҳбарияти ин ширкат ҷиҳати аз вазъи мушкилоти молиявӣ баровардани соҳа соли ҷорӣ низ ин вазъият ҳамоно боқӣ мемонад, зеро дар фишори таъсири омилҳои дохилию беруна, аз ҷумла пардохти қарзҳои хурди бонкӣ, ки дар воқеъ бо натиҷаҳои соли 2007 126,5 миллион сомонӣ зиёд аст, шиддат мегиранд. Сардори раёсати сиёсати зиддимонополӣ ва рушди рақобати Вазорати рушди иқтисод ва савдо Д. Қурбонов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки агар дурнамои истеҳсолии «Барқи тоҷик» дар соли 2008 тавлиди 15 миллиарду 825 кВт соат таҳвили фоиданоки нерӯи барқро бо тарифи миёнаи фурӯши он 13 миллиарду 451 миллион кВт соат дар сатҳи 4 дирам ва фурӯши маҳсулотро дар ҳаҷми 525 миллион сомонӣ пешбинӣ намуда бошад, хароҷотҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолии ӯҳдадориҳои молиявии он зиёда аз 595 миллион сомониро ташкил медиҳад. Яъне, дар давоми соли ҷорӣ ширкати «Барқи тоҷик» ба таври мунтазам, дар ҳаҷми на камтар аз 70 миллион сомонӣ норасоии молиявиро аз сар хоҳад гузаронд, ки ин ҳолат роҳбарияти ширкатро маҷбӯр месозад, то рӯ ба қарзгирӣ орад. Вазъи молиявию иқтисодии ШСХК «Барқи тоҷик» ва шартҳои эъломияи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё оид ба рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, ҳамасола танзими таарруфаҳои нерӯи барқро тақозо менамояд. Аз ин сабаб, таарруфаҳои нерӯи барқро бояд дар сатҳе муқаррар кард, ки хароҷоти ширкати мазкурро пӯшонда тавонанд, на ин ки рушди соҳаро таъмин намояд. «Мутобиқи шартномаҳои номбурда таарруфаи миёнаи 1 кВт соат дар соли 2010 бояд ба андозаи 2,5 сенти ИМА баробар гардад, ки ба ин нишондод расидан соле ба ҳисоби миёна таарруфаҳои амалкунандаро ба андозаи 40 — 50 фоиз баланд бардоштанро тақозо менамояд», — идома дод Д. Қурбонов. Маврид ба зикр аст, ки марҳилаи навбатии танзими таарруфаҳои қувваи барқ ва гармӣ дар Тоҷикистон аз якуми январи соли 2009 оғоз мегарданд.