Д. ҲОТАМОВ: «ОЗМУНИ «МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН»
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар озмоишгоҳҳои хадамоти давлатии метрологии ҷумҳурӣ 222505 адад воситаи ченак аз санҷиши мутобиқгардонӣ гузаштаанд. Ин нуқтаро директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Ҳотамов зимни нишасти матбуотӣ, 15 октябр ба хабарнигорон таъқид кард. Ӯ афзуд, ки аз ин шумора 107523 ададашро воситаҳои ченаки ҳангоми баҳисобгирии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, аз ҷумла 90761 адад ҳисобкунаки барқӣ, 15948 адад ҳисобкунаки газӣ, 522 адад колонкаҳои фурӯши сӯзишвории нақлиёти автомобилӣ, 107 адад резервуар ва 237 адад систернаи автомобилӣ ташкил медиҳанд. Имрӯз дар Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» 43 хадамоти метрологии ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳуқуқдоранд воситаҳои ченаки баҳисобгирии захираҳои сӯзишворию энергетикиро санҷанд ва таъмир намоянд. «Дар давраи ҳисоботӣ бори аввал дар ҷумҳурӣ хадамоти метрологии таъмири колонкаҳои фурӯши сӯзишвории нафтӣ ва газӣ — ҶДММ «ЭРА-ПЛЮС» ба қайд гирифта шуд, ки тамоми нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти нафтӣ ва газии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ метавонанд аз хизматрасонии он баҳравар шаванд», идома дод директории Агентии «Тоҷикстандарт». Дар фарҷом Д. Ҳотамов ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас дода, иттилоъ дод, ки Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» бо мақсади рушди соҳибкорӣ, тарғиби молу маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани сифатнокии он тасмим гирифтааст, ки соле як маротиба озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарини Тоҷикистон»-ро ташкил намояд.








Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






