ДАР БИШКЕК МАҶЛИСИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Октябрь 9, 2008 15:47

         Маскав 9, октябр. (АМИТ "Ховар", Ҳалима Хушқадамова).- 10 октябр дар Бишкек маҷлиси навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев кушода мешавад. Аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки масъалаи асосии рӯзномаи маҷлис лоиҳаи Барномаи стратегии рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020 мебошад. Инчунин масъалаи таъини самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика дар соли 2009 ба муҳокимаи сарони давлатҳо пешниҳод карда мешавад.         Онҳо пешниҳоди Белорусияро дар бораи Соли ҷавонон эълон кардани соли 2009 баррасӣ хоҳад кард. Ҳуҷҷатҳои дигари дар маҷлис муҳокимашаванда ба нақшаҳои рушди минбаъдаи ИДМ дахл дорад. Яке аз онҳо лоиҳаи низомнома дар бораи раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Низомнома фаъолияти ҳамаҷонибаи ҳайати Раёсати иттиҳодро барои таҳким ва рушди он, афзун гардонидани самараи фаъолияти ИДМ ва иҷрои ҳатмии вазифаҳои дар доираи ИДМ ба миён гузошташударо пешбинӣ менамояд. Дар маҷлис ҳамчунин таҳрири нави қоидаҳои интихоби Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои иқтисодии ИДМ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.         Баъдан дар бораи вақт ва маҳалли гузаронидани маҷлиси навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ва таъини раёсати нави он дар давраи оянда қарор қабул карда мешавад. Дар маҷлиси мазкур имзои созишнома дар бораи Шӯрои ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадии давлатҳои ИДМ, нақшаи тадбирҳои асосии ҷашни 65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба нақша гирифта шудааст. Масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис ба интихоби Раиси Суди иқтисодии ИДМ, муовини он ва мукофотонидани баъзе шахсони мансабдор бо Ифтихорномаи ИДМ дахл доранд. Тавре хабар дода шуда буд, дирӯз дар маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ лоиҳаи рӯзномаи маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳо баррасӣ шуданд.        10 октябр дар Бишкек инчунин маҷлиси навбатии Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия баргузор мегардад. Дар он роҳбарони давлатҳои Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия , Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Маҷлиси Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Октябрь 9, 2008 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ