ДАР ПОЙТАХТ СИСТЕМАИ НАВИ БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ САНИТАРИЮ ЭКОЛОГИ ВА ОБОДОНИ ТАВЛИД КАРДА МЕШАВАД

Октябрь 16, 2008 14:52

              Душанбе, 16 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 16 октябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи 15-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими вобаста ба рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.              Масъалаи рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи вазъи санитарӣ -экологӣ, ҷараёни корҳои ободонӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва чораҳои беҳбудбахшидани онҳо дар пойтахт» яке аз масъалаҳои асосии иҷлосия ба шумор рафта, доир ба ин масъала ҳисоботи роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва раисони ноҳияҳои пойтахт, инчунин раисони комиссияҳои депутатӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки бо вуҷуди беҳдошти вазъи санитарию-экологӣ, ҷараёни корҳои ободонӣ ва беҳтар сохтани сифати оби ошомиданӣ дар пойтахт, дар ин самт проблемаю камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд, ки онҳо аз сатҳи пасти маърифати санитарию экологии бархе аз сокинони пойтахт ва бемасъулиятии иддае аз масъулини сохторҳои марбутаи соҳа шаҳодат медиҳад. Дар иртибот Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати ҳалли проблемаҳои ҷойдоштаи вобаста ба вазъи санитарию -экологӣ, рафти корҳои ободонӣ ва чораҳои беҳдошти оби ошомиданӣ дар пойтахт ба масъулини сохторҳои дахлдори шаҳр, аз ҷумла ба сардори раёсати ҳифзи муҳисти зисти пойтахт Баҳром, Маҳмадалиев, сардори Маркази назорати давлатии санитарию -эпидемиологӣ Зиёвуддин Афғонов, сардори корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Азам Табаров, директори Маркази танзими лоиҳаи обтаъминкунии шаҳр Зайнуллобиддин Кобулиев ва дигар шахсони масъул то 15 декабри соли равон мӯҳлат дод. Дар мавриди роҳи ҳалли худро наёфтани проблемаҳои ҷойдошта, шахсони зикргардида аз вазифаашон сабӯкдӯш карда мешаванд.            Ҷиҳати ҳалли проблемаҳои зикрагардида, М.Убайдуллоев ба роҳбарони муассисаҳои мазкур дастур дод, ки системаи нави доимоамалкунандаи вазъи бедошти санитарию экологӣ ва ободониро дар пойтахт тавлид созанд, ки он ҷавогӯи талаботи рӯзафзуни ҷомеаи муосир бошад.             Ҳамзамон, Раиси шаҳр бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию экологии сокинони шаҳр раисони ноҳияҳои пойтахтро супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ва дигар сохторҳои марбута ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳатӣ дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт доир ба тозагию ободонии пойтахт вохӯрию мулоқот ороста, корҳои тарғиботиро дар ин самт вусъат бахшанд.              Дар иҷлосия ҳамчунин ба масъалаҳои риояи танзими ҷашну оинҳо дар пойтахт, омодагӣ ба мавсими зимистон, аз байн ва мубориза бурдан бо баъзе зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла, равияҳои мазҳабию динӣ, ки ба тафаккуру ҷаҳонбинии хусусан ҷавонони пойтахт таъсири манфӣ расонида, боиси халалпазирии ваҳдати миллӣ мегарданд, дахл карда шуд. Дар робита, Раиси шаҳр ҷиҳати таҳкими муборизаи оштинопазир бо ин зуҳурот ва тақвияти волоияти қонун дар шаҳр ба роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи пойтахт супоришҳои мушаххас ва қатъӣ дод.              Дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин як қатор қарорҳои Раиси шаҳр тасдиқ гардиданд.

Октябрь 16, 2008 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад