ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ СОХТУМОНИ ИНШООТ ИДОМА ДОРАД

Октябрь 17, 2008 17:00

              Хоруғ, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додоев). — Имрӯзҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёдкорию созандагӣ идома дорад. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 — уми июли соли 2008 барои рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ин вилоят 2 миллион сомонӣ ва баъди сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон ва навоҳии он боз 34 миллиону 180 ҳазор сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо шуд, ки ҳамаи ин маблағҳо ба хотири бунёдкориҳои ин вилоят равона гардидааст.              Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати иқтисодии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, дар ВМКБ бунёди 186 иншоот идома дорад, ки 156 — тои он дар худи шаҳри Хоруғ мебошад.                                                                                                                                      Таҳрири П. Маҳмадбекова

Октябрь 17, 2008 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар