ДАР ТОҶИКИСТОН ДУ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИ ТАШКИЛ КАРДА МЕШАВАД

Октябрь 29, 2008 14:59

            Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вақтҳои наздик дар шимолу ҷануби Тоҷикистон ду Минтақаи озоди иқтисодӣ -Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва «Панҷ» ташкил карда мешавад. Дар робита 29 октябр вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси Низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Панҷ»-ро тасдиқ карданд.             Ба гуфти муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Амонулло Ашӯр лоиҳаи ин санад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҳар чи бештари сармояи хориҷӣ, ташкили ҷойҳои кор ва аз ҳама беш рушди иқтисодиёти миллӣ таҳия гардидааст.            Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд дар масоҳати 320 гектар ба мӯҳлати 25 сол ташкил карда мешавад.            Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бошад дар масоҳати 400 гектар дар ҳудуди ноҳияи Қумсангир ба муддати 25 сол ташкил мегардад. Ин Минтақаи озоди иқтисодӣ истеҳсолию тиҷоратӣ буда, дар он асосан маҳсулоти кишоварзӣ коркард ва истеҳсол карда мешавад .            Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Амонулло Ашӯр зимни мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки тамоми корхонаю муассисаҳое, ки дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият менамоянд тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки моҳи майи соли 2004 қабул шудааст, аз пардохти қариб ҳамагуна андозҳо ғайр аз андози иҷтимоӣ озоданд.            Инчунин, дар ҳудуди Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки хоҳиши дар Минтақаи озоди иқтисодӣ кор карданро доранд, барои гирифтани раводиди Тоҷикистон имтиёзҳо пешбинӣ мешавад.           Назар ба гуфти А. Ашӯр рӯзҳои наздик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор қабул менамояд, ки дар асоси он роҳбарони Минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Панҷ» таъин карда шуда, баъдан ин Минтақаҳо ба фаъолият шурӯъ менамоянд.            Ба фаъолият шурӯъ кардани ду Минтақаи озоди иқтисодӣ дар шимолу ҷанубу Тоҷикистон бешак ба рушди иқтисодиёти кишварамон такони ҷиддие бахшида, ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа- Афғонистон, Покистон, Эрон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва ғайраҳо мусоидат менамояд.

Октябрь 29, 2008 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид