ДАР ВМКБ ТАВАҶҶӮҲ БА СОҲАИ МУРҒПАРВАРӢ МЕАФЗОЯД

Октябрь 10, 2008 11:37

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Солҳои қабл аз пошхӯрии Иттиҳоди  Шӯравӣ яке аз калонтарин фабрикаи мурғпарварии ҷумҳурӣ дар деҳаи Бунии ноҳияи    Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекард. Баъди солҳои навадум, ин фабрика тадриҷан аз байн рафт ва бо мусоидати Фонди Оғохон дар ҷамоатҳои деҳоти Сохчарв, Поршнев, Сӯчони ноҳияи мазкур 4 фермаи пурғпарварӣ ташкил шуда, инҳо низ бо мурури замон ва сабабҳои номаълум аз байн рафтанд. Сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Шуғнон А. Маҳмадасанов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки соли дубм аст, ки дар ҷамоатҳои Поршинев, Сахчарв ва Навобод ба соҳаи мурғпарварӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар ҷамоатҳои зикршуда соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли тухми мурғ нисбат ба соли 2007 то 134 фоиз афзудааст. «Мутобиқи нақша бояд то охири сол дар ҷамоатҳои Поршнев, Сахчарв, Сӯчон ва Навободи ноҳияи Шуғнон бо кӯмаки Фонди Оғохон барои парвариши 200 сар мурғ фермаҳои мурғпарварӣ ташкил карда мешаванд», идома дод А. Маҳмадасанов.Маврид ба ёдоварист, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба ВМКБ соли ҷорӣ ба масъулин супориш дод, ки фермаи мурғпарварии деҳаи Бунӣ дубора барқарор карда шавад, зеро он на танҳо аҳолии ВМКБ, балки манотиқи дигари кишварро низ бо тухми мурғ таъмин мекунад.

Октябрь 10, 2008 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид